Ба иттилои "Эхо Кавказа", иштирокдорони роҳпаймоӣ дар даст парчаи Гурҷистону Иттиҳоди Аврупоро доштанд ва зидди қонуни нави ин кишвар дар бораи "агентҳои хориҷӣ" низ шиор мепартофтанд.
Роҳпаймоён шиор мепартофтанд, ки "Не ба қонуни русӣ!" ва "Не ба низоми русӣ!".
Дар роҳпаймоӣ чандин ҳазор кас иштирок дошт.
Дар ҳамин ҳол ҷумбиши мухолифи "Товуш дар роҳи ватан" номзадии раҳбари калисои вилояти Товуш Баграт Галстанянро ба мақоми сарвазирии Арманистон пешниҳод кардааст. Дар ин бора яке аз раҳбарони ҷунбиш Гурген Меликян дар ҷараёни тазоҳурот дар Ереван хабар дод.
Фаъолони ҷунбиш аз 9 май дар Ереван ва вилоятҳои дигари Арманистон иқдоми эътирозии нофармониро оғоз кардаанд.
Эътирозгарон бо раванди таъйину аломатгузории марзи Арманистон бо Озарбойҷон розӣ нестанд ва истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд.