Сокинони чандин шаҳри Гурҷистон, аз ҷумла Тифлис ва Батумӣ шаби 17 ба 18 апрел дар эътироз ба қонуни мазкур ба кӯчаҳо баромаданд.
Ба кӯчаҳои пойтахти Гурҷистон ҳудуди 15 ҳазор нафар баромада буд. Маъмурони пулис ба эътирозгарон монеа эҷод накарданд, вале ду нафари онҳоро дастгир карданд. "Тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳо чанбор даст ба хушунат заданд", - шарҳ додааст Вазорати умури дохилии Гурҷистон.
Ба иттилои пулис, боздоштшудаҳо ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ итоат накардаанд ва яке аз онҳо бо худ силоҳи сард доштааст.
Мухолифони Гурҷистон шаби гузашта ба ҳукумат барои бозхонд кардани қонун як соат муҳлат доданд, вале талаби онҳо иҷро нашуд. Дертар тазоҳургарон мулоқот бо сарвазири кишвар Ираклий Кобахидзеро талаб карданд.
Эътирозҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон 15 апрел шуруъ шуданд. Дар лоиҳаи нав аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷа кумак мегиранд, тақозо шудааст, дар бораи тамоми фаъолиятҳояшон ба мақомот гузориш диҳанд.
Мухолифони лоиҳа дар Гурҷистон таъкид мекунанд, ки тасвиби қонун даҳони дигарандешонро баста, матбуоти озодро нобуд мекунад. Ба қавли онҳо, ин санад ба қонуни "агенти хориҷӣ" дар Русия монанд аст, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар он кишвар ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.