Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба наздикони афвшудаҳо хабар додааст.
Бар асоси қонуни афви ахир дар Туркманистон, 829 шаҳрванди он кишвар ва чаҳор шаҳрванди хориҷӣ озод хоҳанд шуд. Наздикони маҳбусон мегӯянд, барои шомил шудан ба рӯйхати афвшавандаҳо бояд ба додситонӣ ё муфаттишони парвандаҳо ришва дод. Мақомот ба дархости бахши туркмании Радиои Озодӣ дар ин замина посух надоданд.
Ин дувумин афви раисҷумҳури нави Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов аст. Ӯ моҳи апрели имсол низ ба муносибати "Шаби қадр" 514 маҳбусро афв карда буд.