Ссылки доступа

Модари як фаъоли узбектаборро дар Туркманистон иҷозаи хориҷ шудан надоданд (видео)


"За то, что я все это говорила, ей отказали в выезде!" Активистка из Туркменистана рассказала, как власти "отомстили" за нее ее матери

Ҳамида Бобоҷонова - узбектаборест, ки аз ҳуқуқи ақалиятҳои Туркманистон ҳимоят мекунад. Вай ҳамзамон аз амалҳои ҳукумати Туркманистон танқид мекунад.

Ҳамида 48 сол дорад ва соли 2016 маҷбур шуд, ки Туркманистон тарк ва дар Туркия зиндагӣ ихтиёр кунад. Вай аз Туркия тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи Туркманистон хабар медиҳад ва дар гирдиҳамоиҳои зидди Туркманистон ширкат мекунад.

"Мақомот ду мағозаи маро тахриб карданд ва ҷуброн напардохтанд. Мақомот дархостҳо ва оби дидаи маро нодида гирифтанд", - нақл кард Бобоҷонова. Вай дар пайи ин амали мақомот маҷбур шуд Туркманистонро тарк кунад.

Фаъолиятҳои ӯро дар Туркия мақомоти Туркманистон сарфи назар накарданд. Чанде пеш Ҳамида Бобоҷонова хабар ёфт, ки ба модари 73-солааш мақомоти Туркманистон иҷозаи сафари ҳаҷро надодаанд.

Бобоҷонова бовар дорад, ки тасмими мақомоти Туркманистон ба фаъолиятҳои вай рабт дорад. Бисёрии касоне, ки берун аз Туркманистон зиндагӣ доранд, мегӯянд, мақомот ба наздикон ва пайвандонашон фишор меоранду таҳдид мекунанд. Туркманистониҳо хориҷ мегӯянд, фишору таҳдиди мақомот ба хотири бастани даҳони онҳост.

XS
SM
MD
LG