Ссылки доступа

Дар Туркманистон орд 250% ва нон 150% гарон шудааст


Фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқободи Туркманистон нархи нон ва ордро, ки то ин дам нисбат ба фурӯшгоҳҳои хусусӣ арзонтар мефурӯхтанд, якбора гарон карданд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ 12 феврал иттилоъ дод, ки 150 дарсад гарон шудани нон ва 250 дарсад боло рафтани қимати орд навбатпоӣ дар пушти дари фурӯшгоҳҳои давлатиро аз байн бурдааст.

"Дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ нархи 1 кило орд, ки қаблан 1 манат буд, аз 12 феврал то ба 3,5 манат гарон карда шудааст", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Баъзе аз фурӯшгоҳҳои давлатии пойтахти Туркманистон як дона нонро, қи пештар 1 манат буд, ҳоло 2,5 манат мефурӯшанд.

"Сокинон мегуфтанд, ки орд ва нон гарон мешавад. Вале на кормандони фурӯшгоҳҳо ва на мақомот дар ин бора пешакӣ хабар надоданд", - изҳор дошт як сокини Ишқобод.

Мақомоти Туркманистон чун ҳамеша болоравии қимати орд ва нонро шарҳ намедиҳанд.

Сокинони Туркманистон давоми 6 соли ахир ордро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ арзонтар мехариданд ва ҳар як муштарӣ ҳақ дошт, ки дар моҳ 5 кило орди арзон бихарад. Нон низ бо ҳамин шева фурӯхта мешуд ва ҳар муштарӣ рӯзона 2-3 дона нони арзон харида метавонист.

XS
SM
MD
LG