Ссылки доступа

Садҳо нафар аз зилзилаи 7,8-дараҷаӣ дар Туркия ҷон бохтанд


Тибқи гузоришҳо, бомдоди душанбеи 6-уми феврал заминларзаи 7,8-дараҷаӣ шаҳри Ғозиёнтеппа дар ҷануби Туркияро такон дод.

Тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, дар Туркия 284 кас ҷон бохта, беш аз 2 ҳазору 300 тани дигар осеб дидааст. Мақомоти турк гуфтаанд, ки 440 нафар захмиҳоро аз зери вайронаҳо берун овардаанд.

Муассисаи зилзилашиносии Амрико мегӯяд, ин заминларза соати 4:17 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рӯй додааст. Тибқи ин гузориш, зилзила дар 17,9-километрии умқи замин ба вуқӯъ пайвастааст.

Шабакаи хабарии CNN ва телевизиони Ал-Ҷазира бо такя ба мақомоти турк навиштанд, ки ин зилзила вайрониҳои зиёде дар пай доштааст.

Аксу видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки биноҳо дар чанд шаҳр вайрон шудаанд. Гуфта мешавад, ки маркази зилзила дар 30-километрии шимол-ғарби Ғозиёнтеппа ва 114-киометрии шаҳри Ҳалаби Сурия будааст.

Бар пояи гузоришҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин зилзила дар шаҳри Ҳимои Сурия хисороте дар пай доштааст.

Вазорати корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки нерӯҳои имдодрасон ба маҳали ҳодиса расидаанд.

Мардум дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Ироқ, Лубнон ва Урдун ҳам ин зилзиларо ҳис кардаанд.

XS
SM
MD
LG