"Донишгоҳи давлатии Қарақалпоқистон дар бахши омӯзиши забони туркманӣ 25 ҷой ҷудо кардааст", - иттилоъ додааст расонаи "turkmen.news" бо истинод ба Вазорати маорифи Узбекистон.
Донишкадаи омӯзгории шаҳри Нуқус низ барои донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар риштаи омӯзгорӣ бо забони туркманӣ таҳсил кунанд, 10 ҷой пешбинӣ кардааст. Ҳамчунин барои онҳое, ки мехоҳанд забон ва адабиёти туркманиро омӯзанд, 25 ҷой ҷудо шудааст.
Донишгоҳҳои Узбекистон соли гузашта барои донишҷӯёни туркманзабон 79 квота ҷудо карда буданд.