Намояндагони расмии Гуруҳи ҳусиҳо, ки назорати пойтахтро дар даст доранд, гуфтанд, талотум дар натиҷаи аз ҳад зиёд ҷамъ шудани одамон дар ҳудуди як мактаб сар задааст.
Ба гуфтаи онҳо, баъди боз шудани дарвозаҳои мактаб анбуҳи одамон ба якборакӣ талош кардаанд, тавассути зинапояи танг ба маҳалле роҳ ёбанд, ки дар онҷо кумаки хайрия тақсим карда мешуд.
Шоҳидон мегӯянд, талотум баъди оташкушоии намояндагони ҳусиҳо, ки мехостан вазъро таҳти назорат гиранд, сар зад. Шоҳидон дар суҳбат бо "Associated Press" гуфтаанд, ки ҳусиҳо ба осмон оташ кушоданд ва тирҳо ба сими барқ расиданд. Дар натиҷаи таркишҳо талотум сар зад.
Ба гуфтаи намояндагони ҳусиҳо ва шоҳидон, дар миёни ҷонбохтаҳо занон ва кудакони зиёд ҳастанд. Дар видеое, ки телевизиони "Al Masirah" нашр кард, дида мешавад, сокинон фарёд мезананд ва кушиш мекунанд, ки аз миёни анбуҳ бароянд. Дар навор ҷасадҳо низ дида мешаванд.
Намояндагони расмии ҳусусиҳо гуфтанд, ду нафареро, ки бидуни иҷозати мақомот маъракаи тақсими кумаки хайрияро ташкил карда буданд, боздошт шуданд. Онҳо ваъда додаанд, ки ба ҳар хонаводаи қурбонӣ 2000-долларӣ ва ба наздикони захмиён 400-долларӣ хоҳанд дод.