Ссылки доступа

Бритониё фурӯши гӯшти сунъиро иҷозат дод


Бритониё нахустин кишваре дар Аврупо шуд, ки истеҳсол ва фурӯши гушти сунъиро барои истеъмоли ҳайвонҳо иҷозат дод.

Хабаргузории "The Guardian" иттилоъ дода, ки акнун дар фурӯшгоҳҳои Бритониё маҳсулоти ғизоӣ барои ҳайвонҳо аз гушти сунъӣ ба фурӯш мебарояд.

Ширкатҳои бритониёӣ тасмим доранд, ки нахустин бастаҳои ғизои ҳайвонро бо гӯшти сунъӣ дар соли равон пешниҳод кунанд.

Дар ҷаҳон беш аз 100 ширкат бо парвариши гӯшти лабораторӣ машғул аст. Аммо то ҳол танҳо Сингапур, ИМА ва Исроил фурӯши онро иҷозат дода буданд.

XS
SM
MD
LG