Хабаргузории Reuters иттилоъ дода, ки пешниҳоди маъмурияти президент Ҷо Байден дар бораи манъи ин қонун рад шудааст.
Шаш додраси муҳофизакори Додгоҳи олии ИМА аз тасмими мазкур ҷонибдорӣ карда, се додраси либерал зид баромадаанд. Ба гуфтаи либералҳо, тасмим хилофи сиёсати муҳоҷирати Амрико мебошад.
Вазорати адлияи ИМА моҳи январи соли равон аз Додгоҳи олии ин кишвар дархост карда буд, ки пешниҳоди дубора ба иҷро даромадани қонуни Техасро рад кунад. Зеро ба иддаои вазорат, он хилофи муқаррароти Конститутсия ва қонунгузории федеролии муҳоҷирати Амрико аст.
Қонуни Техас убури ғайриқонунии марз ва воридшавии такрории ғайриқонунӣ ба ин иёлатро ҷиноят шумурда, барои он аз 180 рӯз то 20 соли зиндон пешбинӣ кардааст.
Мақомоти Техас ин қонунро барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марзи иёлат қабул карда буданд.