Дар мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 14 соли зиндон талаб карда буд. Додгоҳ ин зани 65-соларо ба қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор донист. Наздиконаш айбҳоро беасос гуфтанд, аммо дар айни замон шикоят карданро бефоида медонанд.
Ду манбаъ дар Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми Соҷида Саидмуродова 19-уми июн содир шуда, то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Озодӣ, ҳамроҳ бо Соҷида Саидмуродова ду корманди идораи бойгонӣ ва як масъули пешини корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул низ ҷазо гирифтанд. «Онҳо дар сохтакории аснод ба Саидмуродова ёрӣ додаанд ва барои онки гуноҳашон вазнин набуд, танҳо ҷарима шуданд,” - афзуд ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олӣ. Онҳо аз қарори додгоҳ шикоят накардаанд.
Бо гузашти ду ҳафта аз содир шудани ҳукм, Соҷида Саидмуродова аз болои қарор шикоят набурдааст. Масъулони Додгоҳи олӣ гуфтанд, Саидмуродова то 5-уми июл ҳақ дорад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кунад.
Аммо яке аз пайвандони наздики ин зан ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Саидмуродова ба хотири писараш Дилшод қасос гирифтаанд. Дар Додгоҳи олӣ инро рад карда гуфтанд, ҳукм бар асоси далел содир шуд ва агар Саидмуродова норозӣ аст, бигзор шикоят кунад.
“Шикоят кардани мо дар ин шароит чӣ фоида дорад? Умед дорем, ки ин зани пиронсолро бар асоси қонунҳои афви оянда озод мекунанд,” - афзуд як хешованди Соҷида Саидмуродова, ки нахост номашро нависем.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи Соҷида Саидмуродоваро шарҳ доданд. Аз ҷумла онҳо гуфтанд, иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории аснод нисбати ин зан, ба хотири харидуфурӯши як хона дар соли 2016 аст. Пайвандони Саидмуродова ҳам тасдиқ карданд, ки як баҳси асосӣ дар парванда масъалаи хона аст, ки додгоҳ онро мусодира кардааст.
Дар Додгоҳи олӣ мусодира шудани хонаро тасдиқ ё рад накарданд. Масъулини додгоҳ танҳо гуфтанд, хонаро шавҳари Соҷида Саидмуродова пеш аз вафоташ ба як нафар туҳфа кардааст, аммо гӯё ин зан манзилро боз ба ду нафари дигар фурӯхтааст. Баҳси ин хона алоҳида дар Додгоҳи шаҳри Душанбе идома дорад.
“Иттиҳоми дигар дар парвандаи Соҷида Саидмуродова худсарона ғасб кардани қитъаи замин аст. Тафтишот муайян кард, ки Саидмуродова дар ошёнаи якуми бинои баландошёнае дар Душанбе зиндагӣ мекард ва замини поёни биноро ғасб кардааст», - афзуд ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олӣ. Пайвандони Саидмуродова дар ин бора чизе нагуфтанд.
Иттиҳоми чорум дар парвандаи Соҷида Саидмуродова ба қазияи писараш Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” рабт дорад. Дилшод Саидмуродов моҳи март ба гуноҳи қатли Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, ба ҳабси абад маҳкум гардида буд.
Рӯзи 2-юми июл дар Додгоҳи олӣ гуфтанд, муфаттиш аз болои Соҷида Саидмуродова шикоят кардааст, ки дар рафти тафтиши қазияи писараш ба тафтишот дахолат ва монеагӣ кардааст. Аммо мақомот нагуфтанд, ки Соҷида Саидмуродова чӣ гуна ба кори тафтишот монеъ шудааст ваё дахолат кардааст.
Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки Соҷида Саидмуродова бознишаста буд ва дар ҷое кор намекард. Ӯро моҳи сентябри соли 2023 замоне боздошт карданд, ки писараш Дилшод Саидмуродов, ба гуфтаи мақомот, ба Русия фирор кард.
Дилшод Саидмуродов як моҳ баъди боздошти модараш дастгир ва моҳи марти имсол ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ҳамроҳ бо Саидмуродов боз чор каси дигар дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси «Ориёнбон» гунаҳкор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд. Ин қазия ба сабаби наздикии Исматуллоев бо хонаводаи президент шубҳаву гумон ва фарзияҳои зиёдеро ба миён овард.