Ссылки доступа

Мақомоти Гурҷистон: ҷорӣ кардани виза барои русҳо баробар ба эъломи ҷанг аст


Мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир мсъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид бо Русияро баррасӣ намекунанд.

Анри Оханашвилӣ, раиси кумитаи ҳуқуқи порлумони Гурҷистон, ки намояндаи ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" аст, ба хабарнигорон гуфт, талаби мухолифон, аз ҷумла ҳизби "Ҷунбиши ягонаи миллӣ"-и Михаил Саакашвилӣ дар бораи маҳдуд кардани сафари шаҳрвандони Русия ба ин кишвар ва ҷорӣ кардани виза "нооромӣ ва ҷанг"-ро дар пай дорад.
Раиси раиси ҳизби ҳоким Ираклий Кобахидзе ҳам қаблан гуфта буд, ки мухолифони онҳо мехоҳанд, Гурҷистонро бо Русия "ҷанг андозанд".
Аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ беш аз 300 000 шаҳрванди Русия ба Гурҷистон рафтааст.
XS
SM
MD
LG