Ссылки доступа

Расонаҳои Эрон мегӯянд, Хоманаӣ даҳҳо ҳазор зиндониро афв кардааст


Али Хаменеи
Али Хаменеи

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон “даҳҳо ҳазор” зиндонӣ, аз ҷумла боздоштшудагон дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматиро афв кардааст.

Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, “зиндониёне, ки ба ҷосусӣ ва ё иртибот бо маъмурони хориҷӣ, қатлу нобуд кардани амволи давлат муттаҳам намешаванд” бар асоси қонун афв мешаванд.

Афви зиндониён ба муносибати 44-умин солгарди Инқилоби исломӣ дар Эрон сурат мегирифтааст, ки рӯзи 11-уми феврал таҷлил мешавад.

Эътирозҳои зидди ҳукумати Эрон моҳи сентябри соли 2022 шуруъ шуданд. Он замон Маҳсо Аминӣ, духтари 22-солае баъди боздошт аз сӯи пулиси ахлоқ дар бемористон фавтид. Пулис гуфт, Аминиро ба хотири бадҳиҷобӣ боздошт кардаанд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, эътирозҳои мардумӣ аз сӯи неруҳои хориҷӣ таҳрик дода мешаванд.

Дар ин эътирозҳо, ки ҳамоно идома доранд, ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, бештар аз 500 эътирозгар кушта ва наздики 20 ҳазор кас боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG