Ссылки доступа

Роҳбари Эрон заҳролудсозии духтарони мактабхонро "нобахшиданӣ" номид


Пострадавшая школьница в Иране
Пострадавшая школьница в Иране

Заҳролудсозии духтарони мактабхон дар Эрон "ҷинояти нобахшиданӣ" аст, гуфт роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ.

Пештар аз ин вазири корҳои дохилии Эрон Аҳмад Воҳидӣ эътироф карда буд, ки духтарони на камтар аз 52 мактаб аз заҳролудсозии эҳтимолӣ зиён дидаанд. Вай гуфт, дар ҷараёни таҳқиқ "намунаҳои машкук" кашф шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дар бештар аз 60 мактаб духтарон заҳролуд шудаанд. Нахустин хабар дар бораи заҳролудшавии духтарон моҳи ноябри соли 2022 расонаӣ шуба буд. Он замон 18 хонандаи мактабе дар шаҳри Қуми Эрон бистарӣ шуданд. Аз он замон то кунун теъдоди заҳролудшудаҳо ба бештар аз 1000 нафар расидааст.

Духтарон аз дарди сар, афзоиши тапиши дил, дилбеҳузурӣ ва беҳолӣ шикоят доранд. Онҳо дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтаанд, ки бӯйи афлесуни пӯсида, тухми вайроншуда, моеъи зарфшӯӣ ва ё атри дорои бӯйи сахтро ҳис кардаанд.

Расонаҳои давлатии Эрон менависанд, заҳролудсозии духтарон кори дасти гуруҳҳои табъидӣ, кишварҳои дигар, гуруҳҳои мазҳабие аст, ки зидди таҳсили духтаронанд.

Дар Эрон эътирозҳои оммавие идома доранд, ки баъди марги Маҳсо Аминӣ - ҳомии ҳуқуқи занон дар моҳи сентябри соли 2022 - шуруъ шуданд. Аминиро пулиси ахлоқи Эрон барои бадҳиҷобӣ латту кӯб кард. Духтарони мактабхон дар ин эътирозҳо иштироки фаъол доранд.

XS
SM
MD
LG