Ба гуфтаи Кличко, дар ноҳияи Шевченков, дар маркази шаҳр чандин таркиш рух дода, чанд бинои баландошёнаи зист осеб дидааст.
Кличко акси оҳанпораҳоеро нашр кардааст, ки гуфта мешавад аз бесарнишинҳо боқӣ мондаанд. Дар онҳо "Герань-2" навишта шудааст. Бесарнишонҳои "камикадзе"-и эронии "Shahed-136"-ро дар артиши Русия чунин меноманд.
Бино ба хабарҳо, ҳамчунин дар вилояти Киев низоми зиддимушакии ҳавоӣ фаъол аст ва аз сокинони вилоят даъват карда мешавад, ки дар паноҳгоҳҳо бимонанд.