Ссылки доступа

Марги тақрибан 60 ҳазор кас аз COVID дар Чин


Мақомоти Чин гуфтаанд, дар як моҳи охир дар ин кишвар тақрибан 60 ҳазор кас аз бемории коронавирус ҷон бохт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 14-уми январ навишт.

Кумисюни миллии тандурустии Чин иддао дорад, ки аз 8-уми декабри 2022 то 12-уми январи имсол 59 ҳазору 938 нафар ба сабабҳои вобаста ба COVID-19 фавтиданд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони чинӣ бар ин назаранд, ки авҷи густариши беморӣ дар кишвар, зоҳиран, гузаштааст.

Қаблан мақомоти Чин хабар дода буданд, ки аз оғози пандемия дар ин кишвар тақрибан 5 ҳазор кас ҷон бохта, дар моҳи декабр камтар аз 10 мавриди марг аз коронавирус сабт шуд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мақомоти Чинро барои кам нишон додани омори ҷонбохтагон аз коронавирус танқид кард.

Ширкати бритониёии “Airfinity” дар охири моҳи декабри соли гузашта тахмин кард, ки эҳтимол дар як рӯз тақрибан 9 ҳазор нафар аз сирояти коронавирус дар Чин бимиранд. Bloomberg хабар дод, ки бар асари хуруҷи COVID-19 крематорияҳо дар саросари Чин пур шудаанд.

XS
SM
MD
LG