Пештар аз ин аз суқут додани дронҳо дар вилояти Калуж ва ноҳияи Истрини вилояти Москва хабар дода буданд. Собянин гуфт, пораҳои бесарнишин дар ноҳияи Истрин ба бинои маишӣ бархурдаанд.
Бесарнишини севум, ки ба сӯи Москва ҳаракат мекард, аз сӯи неруҳои зидди ҳавоӣ субҳи 5 сентябр дар ноҳияи Завидовои вилояти Твер суқут дода шуд. Дар ин ноҳия яке аз қароргоҳҳои президенти Русия Владимир Путин ҷойгир аст.
Игор Руденя, губернатори вилояти Твер гуфт, касе осеб надидааст ва иншооте тахриб нашудааст.
Дар фурудгоҳҳои Москва шаби гузашта ва субҳи имрӯз нишаст ва парвози бештар аз 50 ҳавопайморо боз доштанд. Айни замон ҳамаи фурудгоҳҳои Москва фаъол ҳастанд.
Шаҳр ва вилояти Москва ба таври мунтазам аз сӯи дронҳои эҳтимолан украинӣ ҳамла мешаванд. Моҳҳои ахир чанд дрон то ноҳияҳои мухталиф, ҳатто то Кремл расиданд.
Украина расман ин ҳамлаҳоро шарҳ намедиҳад.
Русия низ барои ҳамла ба Украина аз дронҳо истифода мебарад.