Нечаев гуфт, ҳизби вай посухи хаттиву расмиро аз мақомоти Маскав интизор аст. "Ташаббуси шаҳрвандӣ" тасмим дошт, ин роҳпаймоиро 2 март баргузор кунад.
Борис Немтсов 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кремл бо зарби 6 тир кушта шуд. Фармоишгари ин куштор то кунун ошкор нашудааст.
Мақомоти Русия гуфтанд, раҳбари 47-солаи мухолифон Алексей Навалний рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ ҳангоми қадамзанӣ дар як зиндони дурафтодаи Арктикаи Русия беҳуш шуд ва ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Ӯ онҷо ҳукми 30-солаи зиндонро адо мекард.
Кишварҳои ғарбӣ ва тарафдорони Навалний раиси ҷумҳур Владимир Путинро гунаҳкори марги ӯ меноманд. Ҳукумати Русия бо инкори чунин иддао онро ғайриқобили қабул хонд.
Владимир Путин дар бораи марги Навалний изҳори назар накардааст, аммо ин мавзуъ ихтилофи байни Ғарбу Русияро зиёдтар ва робитаҳои онҳоро бадтар кард.
Марги Навалний мухолифони парокандаи ҳукуматро дар Русия аз як раҳбари бонуфуз маҳрум кард. Ва тақрибан як моҳ пеш аз интихоботе, ки Путинро кам андар кам то соли 2030 дар қудрат нигаҳ медорад.