Ссылки доступа

Ҳукумати Украина аз сокинони Донетски дар ҳоли ҷанг талаб кард, ки маконҳои зисти худро тарк кунанд


Ирина Верешук
Ирина Верешук

Президенти Украина Владимир Зеленский эълон кард, ки бо як қарори ҳукумат мардум бояд ба таври ҳатмӣ минтақаи шарқии Донетскро тарк кунанд, чун дар ин макон нирӯҳои ишғолгари русӣ ҷангҳои шадидеро идома медиҳанд.

Дар изҳороти шаби 30-юми июлаш Зеленский инчунин гуфт, ки ҳазорҳо сокини Украина, ки дар минтақаи ҷангии Донетск боқӣ мемонанд, бояд маконҳои зисти худро, ки он ҷо ҷанг ҷараён дорад, тарк кунанд. Ӯ гуфт, ки ҳар қадар мардуми бештар ин ҷоҳоро тарк кунанд, ҳамон қадар ҷони бештарро наҷот дода мешавад ва президент ваъда кард, ки ба мардум ҷубронпулӣ дода мешавад.

Матбуот дар нақли қавл аз Ирина Верешук, муовини нахуствазири Украина гуфт, ки тарки маконҳои ҷанг пеш аз фарорасии зимистон муҳим аст, чун хати таъмини минтақа бо гази табиӣ хароб шудааст. Зеленский гуфт, бо вуҷуди ҷангҳои пуршиддат дар минтақаи Донбасси шарқи Украина, ҳамонҳо ҳазорҳо нафар зиндагиро дар чунин шароит идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG