Ин қаср, ки номи "Сюзанна"-ро дорад, дар соҳили халиҷи Бискай ҷойгир аст ва 5,4 млн евро арзиш дорад.
Қасри мазкурро шавҳари кунунии Людмила Путин соли 2013 харида буд. Людмила маҳз ҳамон сол аз Владимир Путин - президенти Русия талоқ гирифт.
Людмила дар бораи издивоҷи дувумаш расман хабар надодааст. Расонаҳо навиштанд, ки ин издивоҷ соли 2015 сурат гирифтааст.