Ссылки доступа

Пӯшидани як либоси исломӣ дар мактабҳои Фаронса манъ мешавад


“Абоиқа” як навъ пироҳани дарози шабеҳ ба пироҳанҳои миллии тоҷикӣ аст ва пӯшидани ҳиҷоб, ё ниқоб бо он ҳатмӣ нест.
“Абоиқа” як навъ пироҳани дарози шабеҳ ба пироҳанҳои миллии тоҷикӣ аст ва пӯшидани ҳиҷоб, ё ниқоб бо он ҳатмӣ нест.

Вазорати маорифи Фаронса гуфт, ки дар ин кишвар пӯшидани “абоиқа” як навъ либоси исломиро дар мактабҳои кишвар манъ мекунад.

Габриел Аттал, вазири маорифи Фаронса рӯзи 27-уми август ба Телевизиони TF1- и Фаронса гуфт, ин навъи пироҳан, ки дар баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин бахусус кишварҳои арабӣ ба бар мекунанд, мухолифи қонунҳои дунявии сахтгиронаи Фаронса дар мактабҳо аст.

Ба гуфтаи Габриел Аттал, вазорати маориф дастури манъи пӯшидани ин либос дар мактабҳоро қабл аз баргаштани бачаҳо ба мактабҳо дар соли нави таҳсил амалӣ мекунанд. Аҳзоби ростгарои Фаронса барои манъи “абоиқа” дар Фаронса саъй доштанд, аммо чапгароён мегӯянд, ин дастур ҳуқуқи бунёдии мардумро маҳдуд мекунад.

“Абоиқа” як навъ пироҳани дарози шабеҳ ба пироҳанҳои миллии тоҷикӣ аст ва пӯшидани ҳиҷоб, ё ниқоб бо он ҳатмӣ нест.

XS
SM
MD
LG