Ссылки доступа

Блогерони низомии Русия гуфтанд, бо айби генерал талафот рух додааст


Блогерони низомии Русия хабар доданд, ки дар минтақаи шаҳри Кременнаи вилояти Лугански Украина артиши Русия талафоти зиёд додааст.

Бино ба иттилои нашршуда, даҳҳо сарбози рус ҳангоме, ки мунтазири омадани генерал саф кашида буданд, зери оташи тӯпхонаи артиши Украина монданд. Дар ин бора блогерони Русия хабар доданд.

"Дар наздикии Кременна ҳодисаи фоҷиабор рух дод. Ду соат одамон ҳалқа зада, дар як ҷо истоданд ва мунтазир шуданд, ки фармондеҳ кай сухан мекунад... Дар ивази генерал низомиён РСЗО HIMARS ва тӯпхонаи украинҳоро мунтазир шуданд", - навиштааст саҳифаи телеграмии "Рыбарь".

Дар ин хабар теъдоди дақиқи кушташудаҳо ва захмиҳо зикр нашудааст - манобеи гуногун аз 50 то 100 кушта хабар медиҳанд. Ҳамчунин номи генерале зикр намешавад, ки гӯё бо айби вай сарбозон кушта шудаанд.

Дар вазорати мудофиаи Русия ин хабарро шарҳ надоданд. Ситоди кулли артиши Украина низ зарба ба Кременнаро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG