Ссылки доступа

Банд мондани садҳо тоҷик дар як фурудгоҳи Русия. Вокуниши Душанбе ва посухи Маскав


Фурудгоҳи "Внуково". Акс аз соли 2020
Фурудгоҳи "Внуково". Акс аз соли 2020

Беш аз 950 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав банд мондаанд. Ин омор расмист ва то шоми 27-уми апрел ҳисоб шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе рӯзи 28-уми апрел вазъи шаҳрвандони дармондаи кишварро "душвор" ва шароити нигаҳдории онҳоро "нохуб" тасвир кард. Мақомоти Русия банд мондани хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконро дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар рад накарда, аммо "муваққатӣ" ва "чораи пешгирӣ аз терроризм" номиданд.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар миёни бандмондаҳо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки бо квота ё бурсияи ҳукумати Русия дар он кишвар мехонанд.

"Аз шумораи умумии шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Внуково", пас аз интизории чандинсоата, ҳамагӣ 322 кас ба ҳудуди ин кишвар роҳ дода шуданд," – гуфта шудааст дар баёния.

Ин ниҳод афзудааст, то ин дам 27 нафар ронда шуда, эҳтимол номи 306 каси дигар ба ин рӯйхат дохил гардад. "Чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд," – гуфтанд дар ВКХ.

Ба иттилои онҳо, дар фурудгоҳҳои "Жуковский", "Домодедово" ва "Шереметево"-и пойтахти Русия низ "даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидуни шароити лозим дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд”.

Мария Захарова
Мария Захарова

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 27-уми апрел дар эъломияе гуфт, сарфи назар аз миллаташон санади хориҷиёнро бодиққат месанҷанд.

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм шаҳрвандони хориҷиро мӯшикофона тафтиш мекунанд. Ба ин далел, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла дар як қатор фурудгоҳҳо санҷиши шиносномаҳо ба таъхир уфтодаанд. Ҷониби Русия барои ҳалли ҳарчи зудтари вазъ чора меандешад,” – илова кардааст ӯ.

Дар ҳоли ҳозир аз сокинони Тоҷикистон хоста шудааст, ки агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд. Мақомоти ВКХ-и Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел сафири Русия Семён Григоревро ба суҳбат хонда, нигаронии худро ба “мавридҳои беасоси манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия” баён карда буданд.

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел хабар доданд, ки садҳо нафар дар шароити нохубе дар фурудгоҳи “Внуково” дармондаанд. Иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳади Русия бо Қазоқистон шикоят карданд, ки наметавонанд ба хоки ин кишвар дароянд.

Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" бештар шуд. Мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба ин ҳамла, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, сездаҳ касро дастгир кардаанд – дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия "70 дарсад зиёд шуд".

XS
SM
MD
LG