Ссылки доступа

СҶТ дар пайи ғасби озмоишгоҳ дар Судон аз хатари биологӣ ҳушдор дод


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфт, ки дар пайи ғасби озмоишгоҳи моддаҳои беморизойи сурхакон, вабо ва дигар моддаҳо дар шаҳри Хартум, пойтахти Судон эҳтимоли сар задани хатари биологӣ мавҷуд аст.

Дар Судон бештар аз як ҳафта аст, ки низоъи мусаллаҳи дохилӣ идома дорад. Ҷангҳо миёни артиши доимӣ ва гуруҳи низомии "Неруҳои кӯмаки фаврӣ" идома доранд. Маълум нест, ки кадоме аз ҷонибҳо озмоишгоҳи миллии тиббиро ғасб кардааст. Рӯзи сешанбе СҶТ хабар дод, ки кормандон ба озмоишгоҳ дастрасӣ надоранд.

СҶТ гуфт, қатъ кардани неруи барқ боис мешавад, ки нигоҳубини моддаҳо дар ин иншооти илмӣ номумкин гардад.

Озмоиш дар шаҳри Хартум дар наздикии минтақае ҷойгир аст, ки ситоди фармондеҳии артиш онҷо қарор дорад ва ҷангҳо дар наздкии озмоишгоҳ сурат гирифтанд.

Рӯзи сешанбе дар Судон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи 25 апрел бо ташаббуси ИМА ҷонибҳо оташбаси серӯза эълом карда буданд.

СММ гуфт, дар ҷараёни ҷангҳои ахир аз ду тараф 460 кас кушта ва қариб 4 ҳазор кас маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG