Дафтари раёсатҷумҳури Бангладеш 7-уми август эълон кард, ки Муҳаммад Юнус дар ҷаласае ба иштироки раиси артиш, созмондиҳандагони тазоҳуроти донишҷӯён ва бархе аъзои ҷомеаи маданӣ, ҳамчун роҳбари давлати муваққат интихоб шуд.
Манбаъ мегӯяд, аъзои давлати муваққат ба зудӣ ва баъди гуфтугӯ бо аҳзоби сиёсӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.
Муҳаммад Юнус яке аз мухолифони қадими нахуствазири собиқ Шайх Ҳасина аст ва феълан дар Порис қарор дорад. Қарор аст ӯ базудӣ барои анҷоми масъулияти роҳбари давлати муваққат ба Бангладеш баргардад.
Расонаҳои байнулмилалӣ натавонистанд бо Муҳаммад Юнус тамос гиранд, аммо яке аз роҳбарони аслии ҷунбиши донишҷӯёни Бангладеш эълом кард, ки Юнус ба қабули раёсати давлати муваққат розӣ шудааст.