Ссылки доступа

Беш аз 100 кушта ва зиёда аз 170 захмӣ дар таркишҳои Эрон


Ба гузориши расонаҳои ҳукуматии Эрон, дар натиҷаи ду таркиш дар шаҳри Кирмон дастикам 103 кас ҷон бохтааст.

Ҳодиса рӯзи 3-юми январи имсол ҳангоми ёдбуди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, рӯй дод.

Телевизиони давлатии Эрон аз қавли сухангӯйи Хадамоти изтирорӣ Бобаки Яктопараст теъдоди маҷрӯҳонро беш аз 170 нафар эълон кард.

Қаблан Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Телеграм навишта буд, ки зиёда аз 70 захмиро ба бемористон бурданд.

“Мизон”, хабаргузории наздик ба қувваи қазоияи Эрон, рӯзи 3-юми январ навишт, таркишҳо дар наздикии макони дафни Қосим Сулаймонӣ рух додаанд.

Муовини раиси вилояти Кирмон соате пас аз ҳодиса онро “як ҳамлаи террористӣ” номид. То ҳол касе ё гурӯҳе масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифта.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, дар моҳи январи соли 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико дар наздикии Бағдод кушта шуд.

Нерӯҳои Қудс бахши хориҷии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст ва аз тарафи Амрико созмони террористӣ эълон гардидааст.

XS
SM
MD
LG