"The Wall Street Journal" бо истинод ба чанд манбаъ навишта, ки ин фишор бо дастури Кохи сафед сурат мегирад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони расона, раҳбарони "Ҳамос" дар сурати розӣ нашудан на танҳо ихроҷ, балки эҳтимоли ҳабсу мавриди таҳримҳо қарор гирифтан, аз ҷумла ҳабси дороиҳои онҳо вуҷуд дорад.
Нашрия мегӯяд, фишори Вашингтон натиҷаи баръакс додааст. Раҳбарони гуруҳ гуфтаанд, ба созише, ки мутобиқ ба шартҳои онҳо нест, розӣ намешаванд.
Намояндаи фаластиниҳо Исмоил Ҳания гуфтааст, пешниҳоде, ки ҳафтаи гузашта президенти ИМА Ҷо Байден кард, барои онҳо қобили қабул нест, зеро он қатъи ҷангро кафолат намедиҳад.
"Ҳамос" рӯзи 4-уми июн эълон кард, ки агар Исроил нерӯҳояшро пурра аз Ғазза берун накунад ба пешниҳоди оташбас розӣ нахоҳад шуд. Мақомоти Исроил гуфтаанд, то "Ҳамос" нобуд нашавад, ба оташбаси доимӣ дар Ғазза розӣ намешаванд.