Ссылки доступа

Ҷопон таҳримҳояшро нисбати мансабдорону ширкатҳои русӣ сахттар кард


Премьер-министр Японии Фумио Кисида
Премьер-министр Японии Фумио Кисида

Мақомоти Ҷопон дар солгарди ҳамлаи Русия ба Украина аз ҳабси дороиҳои 48 шахси воқеӣ аз Русия ва 74 ширкати русӣ хабар доданд.

Дар рӯйхати нави таҳримҳо аз ҷумла муовини вазири мудофиаи Русия Виктор Горемикин, роҳбари ширкати "Калашников" Алан Лушников, хешовандони Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон ва афроди дигар шомил шудаанд.

Ҳукумати Ҷопон нисбати ширкати ҳолдингии "Ак Барс", маркази федеролии технологияҳои дугона "Союз", ширкати ҳолдингии "Росэлектроника" ва чандин марказҳову ниҳодҳои пажуҳишии дигари низомии Русия таҳрим ҷорӣ кардааст.

Ҳамзамон роҳбарони аз сӯи Русия дар Қрим, Луганск ва Донетск таъйиншуда шомили таҳримҳои нави Ҷопон шудаанд.

Фумио Кисида, сарвазири Ҷопон рӯзи 25 феврал дар бораи ин таҳримҳо хабар дода буд. Ҷопон ҳамчунин содироти маҳсулотеро ба Русия манъ кард, ки метавонад, саноати Русияро тақвият бахшад ва барои истеҳсоли дронҳо истифода шавад. Дар маҷмуъ теъдоди русиягиҳое, ки шомили таҳримҳои Ҷопон шудаанд ба 900 ва теъдоди ширкатҳои русие, ки ба рӯйхати таҳримҳои Ҷопон ворид гардидаанд, ба 450 расид.

Баъди ҳамлаи низомии Русия ба Украина Ҷопон нисбати президенти Русия Владимир Путин, мақомдорони баландпояи Русия ва хешовандони онҳо, бонкҳо, корхонаҳо таҳрим ҷорӣ кард. Ҷопон ҳамзамон эълом кард, ки ба Украина кӯмаки низомиву башарӣ ирсол мекунад.

Русия Ҷопонро ба рӯйхати "кишварҳои ғайридӯст" шомил ва эълом кард, ки аз гуфтугӯ бо Ҷопон дар мавриди ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ худдорӣ меварзад.

XS
SM
MD
LG