Ссылки доступа

Ҷопон барои барқарорсозии Украина $5,5 млрд кӯмак мекунад


Премьер-министр Японии Фумио Кисида
Премьер-министр Японии Фумио Кисида

Ҷопон барои барқарорсозии зерсохторҳои дар ҷанг тахрибшудаи Украина 5,5 млрд доллар кӯмак мерасонад. Дар ин бора сарвазири Ҷопон Фумио Кисида рӯзи душанбеи 20 феврал хабар дод.

Сарвазири Ҷопон ҳамчунин президенти Украина Владимир Зеленскийро ба саммити онлайнии кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" даъват кард. Ин саммит дар солгарди ҳамлаи Русия ба Украина баргузор мешавад. Дар ин саммит кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" қадамҳои баъдии худро барои кӯмаки Украина эълом мекунанд.

Аз замони шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина Ҷопон дар ҳаҷми 600 млн доллар ба Украина кӯмаки молӣ ва дар ҳаҷми миллионҳо доллари дигар кӯмаки башардӯстона расонидааст.

Ҷопон ба тасмимҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шуда ва нисбати Русия таҳрим ҷорӣ кардааст. Баъди ин тасмимҳо Ҷопон содироти воксин, дастгоҳҳои тиббӣ ва роботҳоро ба Русия манъ кард. Ҳамчунин содироти радиоактив, дастгоҳҳо барои иншооти ҳастаӣ, ҷустуҷӯи нафт ва гази табиӣ манъ шудааст. Ба илова, мақомоти Ҷопон нисбати шаҳрвандони алоҳида ва ширкатҳои русӣ таҳрим ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG