Ссылки доступа

57 кас ҷон бохту садҳо хона вайрон шуд. Пайомадҳои зилзила дар Ҷопон (видео)


Теъдоди қурбониёни заминларзаи 1-уми январ дар Ҷопон ба 57 нафар расидааст. Дар ин бора "Kyodo" бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.

В Японии из-за землетрясения погибли десятки человек
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:20 0:00

Рӯзномани ҷопонии Mainichi Shimbun навишт, танҳо дар шаҳри Вадзима дар ғарби Ҷопон, камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расид. Ин омор ҳар лаҳза метавонад бештар шавад.

Фумио Кишида, сарвазири Ҷопон, рӯзи 2-юми январ аз “қурбониёни зиёд” хабар дод. Ӯ наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо “мусобиқа бо вақт” номид.

Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Аз аҳолии минтақаи зери хатар хоста шудааст, ки ҳарчи зуд ба ҷойи амну баландтар бираванд.

Хабаргузории "Мавҷи Олмон" (DW) рӯзи 2-юми январ аз қавли мақомоти маҳаллӣ гузориш дод, ки “бисёре аз биноҳо осеб дида, даҳҳо хона сӯхта ва ё фурӯ рехтаанд.”

Мақомоти ҷопонӣ гуфтанд, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои зарардида идома дорад.

Ҷопон дар гузашта шоҳиди зилзилаҳои сахте будааст. Аз ҷумла соли 2011 дар ин кишвар заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Дар ин фоҷиа тақрибан бист ҳазор кас ҷон бохтаву бе ному нишон шуданд.

XS
SM
MD
LG