Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ ба Русия наздики ҳафт ҳазор "контейнер" муҳимоти ҷангӣ


Части ракеты, которая, по мнению украинских властей, была изготовлена в КНДР. Харьков, Украина, 6 января 2024 года
Части ракеты, которая, по мнению украинских властей, была изготовлена в КНДР. Харьков, Украина, 6 января 2024 года

Шуруъ аз соли 2023 Куриёи Шимолӣ ба Русия наздики 7 ҳазор "контейнер" муҳимоти ҷангӣ ва дигар таҷҳизоти низомӣ фиристодааст. Дар ин бора вазири мудофиаи Куриёи Ҷанубӣ Шин Вон Сик хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Куриёи Шимолӣ ибтидо мехост, тавассути киштиҳо ин муҳимотро ирсол кунад, аммо ҳоло роҳи оҳанро истифода мебарад. Шин Вон Сик гуфт, эҳтимол дорад Пхенян дар иваз аз Русия бештар аз 9 ҳазор "контейнер" кумак дарёфт кардааст.

Ин изҳороти вазири мудофиаи Куриёи Ҷанубӣ баъд он садо дод, ки чанд соат пештар низомиҳои Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон чанд мушаки болдор партоб кардааст.

ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ пештар ҳам Куриёи Шимолиро дар ирсоли муҳимоти ҷангӣ ба Русия, дар замони ҷанги зидди Украина, айбдор карда буданд. Ҳам Русия ва ҳам Куриёи Шимолӣ ин айбҳоро рад карданд.

Моҳи феврал расонаҳо навиштанд, ки Русия дар ивази муҳимоти ҷангӣ ба Куриёи Шимолӣ ба низоми молии ҷаҳонӣ дастрасӣ додааст ва ҳамчунин қисме аз дороиҳои Куриёи Шимолиро дастраи ин кишвар кардааст, ки таҳти таҳримҳои СММ қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG