Ссылки доступа

Зеленский ва Путин вазъ дар ҷабҳаро арзёбӣ карданд


Владимир Зеленский ва Владимир Путин
Владимир Зеленский ва Владимир Путин

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи чаҳоршанбе гуфт, пешравӣ дар ҷараёни ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои Русия аз оне, ки таваққуъ доштанд, камтар аст, вале Киев ба фишорҳо барои суръат бахшидан ба пешравии нерӯҳояш таслим нахоҳад шуд.

"Бархеҳо фикр мекунанд, ки сухан аз филмҳои Ҳолливуд меравад ва натиҷаҳои фавриро мунтазир ҳастанд. Ин нодуруст аст. Инҷо сухан дар бораи ҳаёти инсонӣ меравад", - иқтибос овардааст "Би-би-сӣ аз мусоҳибаи ихтисосӣ бо Зеленсикй, ки қарор буд, шоми чоршанбе нашр шавад.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе дар навбати худ гуфта, ки Москва кундшавии суръати ҳамлаҳои ҷавобии Украинаро, ки ибтидои моҳи июн оғоз шудаанд, мушоҳида кардааст.

"Ҳарчанд Украина ҳанӯз ҳам баъзе аз тавонмандиҳои ҳамлаи ҷавобиро дорад, вале Киев дарк кардааст, ки "онҳо дигар шонс надоранд", - изҳор доштааст Путин. Ин суханҳои Путинро шабакаҳои телевизиони Русия нашр карданд.

Украина ахиран хабар дод, ки неруҳои ин кишвар аз оғози ҳамлаҳои ҷавобӣ 8 минтақаи аҳолинишинро аз низомиёни Русия бозпас гирифтанд.

XS
SM
MD
LG