Ссылки доступа

Зеленский аз НАТО даъват хост, ба Русия “зарбаҳои пешгирикунанда” занад


Президенти Украина Владимир Зеленский аз НАТО даъват кард, ки барои аз байн бурдани эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Русия ин кишварро мавриди “зарбаҳои пешгирикунанда” қарор диҳад.

Зеленский ин даъватро ҳангоми иштироки онлайнӣ дар як чорабинӣ дар Донишкадаи Лоуи Австралия кард.

Ӯ дақиқ нагуфт, ки истифодаи силоҳ зидди Русияро дар назар дорад, ё не. "НАТО бояд чӣ кор кунад? Эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаии Русияро аз байн барад. Ман бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат мекунам. Зарбаҳои пешгирикунанда анҷом шаванд, то бидонанд, ки дар сурати истифода бо онҳо чи хоҳад шуд. Набояд мунтазир шавем, то Русия нахуст зарбаи ҳастаӣ бизанад ва сипас гӯием, “шумо зарба задед ва мунтазири посух бошед”, - изҳор дошт президенти Украина.

Ба ин гуфтаҳои Зеленский сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков вокуниш кард. Вай гуфт, тамоми кишварҳои ҷаҳон, бахусус ИМА, Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо бояд ба он чи ки раисҷумҳури Украина дар бораи он сӯҳбат мекунад, таваҷҷӯҳ кунанд.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев Зеленскийро дар даъват ба зарбаи ҳастаӣ зидди Русия айбдор кард.

XS
SM
MD
LG