Ссылки доступа

Зеленский: бо додгоҳи дурӯғин дар Мариупол Русия аз шонси гуфтугӯ маҳрум мешавад


Президент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский

Гуфтугӯҳои Киев ва Москва номумкин мегарданд, агар дар Мариупол "додгоҳи дурӯғин"-и асирони низомии украин баргузор шавад. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар муроҷиатномаи анъанавии шабонааш хабар дод.

"Вокуниши давлати мо комилан фаҳмо хоҳад буд. Агар ин додгоҳи дурӯғин баргузор шавад, агар одамони моро бар хилофи созишномаҳо, ҳуқуқи байналхалқӣ ба ин толори дурӯғин ворид кунанд... Ин он хате хоҳад буд, ки пушти он ҳеч гуна гуфтугӯ сурат нахоҳад гирифт. Русия худро аз гуфтугӯҳо маҳрум мекунад. Ҳеч гуфтугӯе нахоҳад буд", - гуфт Зеленский.

"Украина таҳқири касонеро таҳаммул нахоҳад кард, ки дар бораашон мешавад гуфт: онҳо қаҳрамони Ватани худ ҳастанд ва озодии мардуми худро аз ғосибон ҳимоят карданд", - илова кард Зеленский.

Роҳбари худхондаи Донетск Денис Пушилин пештар гуфт, ки "омодагӣ ба трибунал идома дорад" ва "яке аз нахустин трибуналҳо дар Мариупол доир мешавад".

Ба навиштаи расонаҳо, дар Мариуполи ғасбшуда ҷанговарони гуруҳи "Азов"-ро мехоҳанд муҳокима кунанд. Ин гуруҳро Русия террористӣ унвон кардааст. Расонаҳои Русия навореро нишон доданд, ки дар он дида мешавад, дар бинои филармонияи Мариупол барои асирони низомӣ додгоҳ сохтаанд.

Раиси қонунии шаҳри Мариупол Вадим Бойченко гуфт, мумкин аст, додгоҳи низомиёни украин дар Рӯзи истиқлоли Украина, 24 август баргузор шавад.

Украина яке аз шартҳои қатъи ҷангро дар берун бурдани артиши Русия аз ҳудудҳои Украина мебинад. Русия мегӯяд, аз заминҳои ғасбкардааш ҳаргиз ақибнишинӣ нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG