Ссылки доступа

"Ғаллае, ки бояд ба Чин содир мешуд, дар ҳамлаи Русия нобуд гашт"


Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия ба бандари Одесса 19 июл 60 ҳазор тонна ғаллае, ки бояд ба Чин содир мешуд, нобуд гаштааст.

"Дар бандарҳое, ки имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ҳудуди як миллион тонна маводи ғизоӣ нигаҳдорӣ мешавад. Маҳз он ҳаҷме, ки бояд кайҳо ба кишварҳои истеъмолкунандаи Африқо ва Осиё интиқол дода мешуд. Дар терминали бандар, ки шаби гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия бештар зарар дид, 60 ҳазор тонна ғалла барои содирот ба Чин нигаҳдорӣ мешуд", - изҳор доштааст Зеленский.

Ба гуфтаи президенти Украина, ҳамлаи шаби 19 июл ба Одесса "шояд бузургтарин талоши Русия барои осеб расондан ба ин шаҳр дар тӯли ҷанг бошад".

Шаҳри бандарии Одесса, воқеъ дар ҷануби Украина, се шаб ба ин тараф ҳадафи ҳамлаҳои нерӯманди Русия қарор дорад. Наталя Гуменюк, намояндаи нерӯҳои мудофиаи Укарина гуфт, шаби 20 июл иншооти ҳамлу нақл, анборҳо бештар мавриди ҳадаф қарор дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG