Ссылки доступа

Сафири Украина дар Қазоқистон баъди изҳороташ дар бораи куштани русҳо барканор шуд


Президенти Украина Владимир Зеленский сафири ин кишвар дар Қазоқистон Петр Врублевскийро, ки қаблан гуфта буд, "барои ҳар чи бештар куштани русҳо талош мекунад", аз мақомаш барканор кард.

Фармони барканории Петр Врублевский дар сомонаи расмии президенти Украина нашр шудааст.

Врублевский рӯзи 21 августи имсол дар мусоҳиба бо блогер Диас Кузаиров дар шарҳи ҳамлаи низомии Русия ба Украина гуфта буд, ки "талош мекунад, ҳар чи бештар русҳоро бикушад” ва афзуд, “ҳар қадаре, ки мо ҳоло мекушем, фарзандони мо ҳамон қадар камтар хоҳанд кушт".

Дертар масъулони Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар доданд, ки бо Врублевский суҳбат карданд ва ӯ барои ин суханҳояш узр пурсидааст. Ҷониби Русия аз Қазоқистон хост, Петр Врублевскийро ихроҷ кунад, вале Остона дар посух гуфт, ки дипломати украинӣ ба рухсатӣ меравад.

XS
SM
MD
LG