Зеленский дар ин бора рӯзи панҷшанбе ҳангоми суханронии видеоияш дар ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел хабар дод.
"Мо маълумот дорем, ки террористҳои рус сарбанд ва агрегатҳои неругоҳи Каховскаяро минагузорӣ кардаанд. Ин яке аз иншооти бузурги энергетикӣ аст. Обанбори нерӯгоҳ ҳудуди 18 миллион метри мукааб об дорад. Агар террористони рус ин сарбандро тарконанд, беш аз 80 минтақаи аҳолинишин, бо шумули Херсон зери об мемонанд", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Украина афзуд, ки дар сурати таркиш, интиқоли об ба бахши муҳими ҷануби кишвар метавонад қатъ шавад. Илова бар ин, бузургтарин неругоҳи атомии Запороже бе об мемонад, ки об барои сард кардани реакторҳои он хеле зарур аст. Зеленский хостори фиристодани як ҳайати нозирони байналмилалӣ ба неругоҳи Каховская ва баргардонидани кормандони украинӣ ба онҷо шуд.