Ссылки доступа

СММ: аз оғози ҷанг дар Украина 8000 сокини осоишта кушта шудааст


Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон хабар дод, ки аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина беш аз 8 ҳазор сокини маҳаллӣ кушта шудааст.

Дар гузориши нави идора омадааст, аз 24 феврали соли 2022 то 15 феврали имсол дар ҷанги Украина 8006 кас, аз ҷумла 487 кудак кушта шудааст. Ҳамчунин 13 287 сокини маҳаллии дигар бо шумули 954 ноболиғ захмӣ гаштааст.

Шумори бештари кушташудаҳо ва захмиён сокинони вилоятҳои Луҳанск ва Донетски Украина ҳастанд. Дар ин ду вилоят 4285 кас кушта ва 7327 тан захмӣ шудааст.

Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бар ин аст, ки шумори воқеии қурбониён метавонад бештар аз ин бошад, зеро аксари вақт оморҳо аз минтақаҳои даргир ботаъхир мерасанд. Маълумоти шаҳрҳои Мариупол, Изюм ва Волновахаи Украина ба ин омор шомил карда нашудаанд.

XS
SM
MD
LG