Ссылки доступа

Як сокини Истаравшан дар марз бо Афғонистон боздошт шудааст


Як сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дастгир шудааст. Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд, вале як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон талош дошт ба Афғонистон гузарад ва бо гуруҳҳои ифротӣ бипайвандад.

Ромиз Камолов, зодаи деҳаи Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан аввали моҳи май дар шаҳри Хоруғ дастгир шудааст. Ба гуфтаи як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ, Ромиз "ҳамроҳи чанде аз сокинони Ванҷ нияти рафтан ба Афғонистонро дошт."

Ромиз Камолов ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе қарор дорад ва нисбаташ бо моддаҳои "ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ" ва "ташкили фаъолияти созмони ифротгароӣ" парванда боз шудааст.

Суҳбат Камолов, падари ӯ, сокини деҳаи Ҷавканадак нахост дар ин бора гап занад.

Падару модари Ромиз ҳафт сол пеш аз ҳам ҷудо шуда, ӯ бо модараш дар деҳаи Қалъачаи Бакавул зиндагӣ доштааст. Наздикони дигараш низ аз суҳбат худдорӣ карданд.

Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки Ромизро бори охир рӯзи 5-уми май дар деҳа дидаанд, яъне тақрибан як ҳафта пеш аз боздошташ дар Хоруғ.

Иттифоқан дар ҳамин шабу рӯз Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дар баёнияе эълон кард, ки "дар постгоҳҳои сарҳадӣ бо Афғонистон даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ гирифтаанд."

Мақомот сабабро ба "вазъи минтақа ва ҷаҳон" ва "кӯшиши созмонҳои террористию экстремистӣ барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадҳои давлатӣ ва амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон" рабт додаанд.

Баъди он амалиёти боздошти беш аз сӣ сокини ҷамоати Язгулом дар нимаи дувуми моҳи май аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифт. Мақомот дар ин бора хабари расмӣ намедиҳанд, вале, як манбаи Радиои Озодӣ, ки бо парвандаи боздоштшудаҳо шинос шудааст, гуфт, ҳудуди 25 боздоштшуда ба узвият дар созмони мамнӯи "Ансоруллоҳ" муттаҳам мешаванд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз ҳазор километр марзи мушатрак дорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар он сӯи марз гурӯҳҳои ифротгаро паноҳ бурдаанд ва шаҳрвандонро барои пайвастан ба сафашон ташвиқ мекунанд.

Онҳо Ромиз Камоловро аз ҷумлаи ҷавононе медонанд, ки чунин ташвиқ дода шудааст. Тасдиқи дурустии иддаои мақомот аз манобеи мустақил ҳанӯз дастрас нашудааст.

XS
SM
MD
LG