Бино бар иттилои манбаи Радиои Озодӣ, ки аз музокирот огаҳӣ дорад, ҷаласаи комисия то 23 октябр идома мекунад. Манбаи Озодӣ афзуд, яке аз мавзуҳои муҳиме, ки дар ҷаласа баррасӣ хоҳад шуд, сохтмони роҳ ва пулҳо дар ҳудуди сарҳади байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткени Қирғизистон аст.
То имрӯз аз 976 километри марзи муштарак байни ин ду кишвар ҳамагӣ 504 километр аломатгузорӣ шудааст. Музокирот барои муайян кардани қисмати боқимондаи марз идома дорад.
Ҷониби Қирғизистон пофишорӣ дорад, ки марзи ду кишвар бар асоси харитаи соли 1989 муайян шавад, аммо Тоҷикистон талош дорад бар асоси харитаи соли 1924, ҳангоме, ки ин ду ҷумҳурӣ таъсис шуд, марз аломатгузорӣ шавад. Ин омил боис шуд, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин сӯ натавонистанд дар раванди музокирот ба тавофуқ даст ёбанд.
Қирғизистон ба 2,5 ҳазор гектари ҳудуди Тоҷикистон даъво дорад. Душанбе мегӯяд, бар асоси шартномаҳои ҷумҳуриҳои "бародарӣ ва иттифоқӣ"-и шӯравӣ, Тоҷикистон 143 ҳазор гектар замини чарогоҳ ва киштгоҳашро барои истифодаи муваққат ба ихтиёри Қирғизистон гузошт.