Ссылки доступа

Темир Сариев нахуствазири Қирғизистон таъйин шуд


Порлумони Қирғизистон сохтор ва ҳайати ҳукумати нави кишварро тайид кард.

Ба иттилои радиои Азаттик номзадии Саривро вакилони порлумон дар ҷаласаи имрӯз ҳимоят кардаанд. Темир Сариев, ки аз моҳи майи соли 2015 раҳбарии ҳукуматро бар ӯҳда дошт, мақоми худро ҳифз кард.

Дар сохтори нави ҳукумат шумори муовинони нахуствазир аз чаҳор то ба се нафар коҳиш дода шуд. Теъдоди вазоратхонаҳо низ аз 14 то 12 адад камтар шудааст. Дар сохтори нави девони вазирон ду кумитаи давлатӣ ва ду ширкати ҳолдингӣ таъсис дода шуданд. Ба ғайр аз ин агентиҳои давлатӣ низ аз 28 то ба 24 адад кам шуданд.

Вазорати энергетика ба ширкати ҳолдингӣ табдил шуда, дар сохтори худ ҳамаи ширкатҳои энержиро гирдиҳам овардааст. Вазорати мудофиа ба кумитаи давлатии умури дифоъ табдил дода шуд. Раҳбари ин ниҳод ва ҳамчунин раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-ро раиси ҷумҳур таъйин мекунад.

XS
SM
MD
LG