Ссылки доступа

Варзишгарони русро метавонанд аз ширкат дар мусобиқот маҳрум созанд


Анҷумани байналмиллалии федератсияҳои варзиши сабук (АБФС) изҳор дошт, ки имкони таҳримот бар зидди Русия, аз ҷумла маҳрум сохтани варзишгарони ин кишвар аз ширкат дар мусобиқоти байналмиллалӣ барои истифода аз допинг, баррасӣ мекунад.

Раиси АБФС Себастян Коэ аз нақшаи ин созмон баъд аз эъломи гузориши Агентии байналмиллалии зиддидопингӣ (АБЗ), пешниҳод кард бар зидди варзишгарони рус таҳримҳо роҳандозӣ шаванд – панҷ нафари варзишгарони рус ба сурати умрбод аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмиллалӣ маҳрум карда шаванд ва ҳамчунин фаъолияти ниҳоди зертобеъ дар Русия қатъ карда шавад.

Коэ ин гузоришро «нигаронкунанда» унвон кард. Ба гуфтаи раҳбари комиссияи махсуси АБЗ Дик Паунд, дар Русия эҳтимол дорад барномаи доппингие иҷро мешавад, ки дар сатҳи ҳукуматӣ пуштибонӣ дорад. Паунд изҳор дошт, имкон надорад, ки вазири варзиши Русия Виталий Мутко аз чунин вазъ огаҳӣ надошта бошад.

Ҳар навъи таҳримоти варзишгарони рус аз сӯйи АБФС метавонад ба Олимпиада дар соли оянда дар Рио-де-Жанейро таъсир дошта бошад. Дар миёни варзишгароне, ки онҳоро ин созмон мехоҳад ба сурати умрбод аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмиллалӣ маҳрум созад, соҳиби медали тиллоии бозиҳои Лондон Мария Савинова-Фарносова низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG