Ссылки доступа

Раҳбарони G20 иқтисод ва ҳамчунин мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунанд


Дар шаҳраки Белеки наздикии Анталя ҳамоиши «Гурӯҳи 20» баргузор мешавад.

Ба барномаи маъмулии иқтисодии ин ҳамоиш мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризм ва масъалаҳои башардӯстонаи мушкили гурезагон ворид карда шудаанд.

Дар робита ба ҳаводиси фоҷиавӣ дар Париж баргузории консерт ва дигар барномаҳои тафреҳӣ аз сӯйи ташкилкунандагон манъ карда шудаанд.

Президентҳои ИМА Барак Обама ва Русия Владимир Путин дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқоти ғайрирасмии кӯтоҳе дошта, дар он роҳҳои ҳалли даргириҳо дар Сурия ва Украинаро баррасӣ кардаанд. Ҳарду раиси ҷумҳур ба ин натиҷа расиданд, ки дар Сурия бояд оташбас амалӣ шавад ва баъд аз он бо миёнҷигарии СММ музокироти ҷонибҳо шурӯъ гардад. Ин нахустин дидори ду раиси ҷумҳур баъд аз оғози зарбаҳои ҳавоии Русия дар Сурия дар охири моҳи сентябр аст.

XS
SM
MD
LG