Бар пояи хабарҳои расида аз Андиҷон рӯзи панҷшанбе дар шаҳр садои тирпарронӣ ва тӯп шунида мешуд ва аксари роҳҳо баста буданд. Ҳамчунин дар бораи тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар вилояти Фарғона, аз ҷумла санҷиши пайдарпайи ҳуҷҷатҳо ва таъсиси постгоҳҳои изофӣ дар ноҳияҳои ҳаммарз хабар дода мешаванд.
Ба иттилои расонаҳо дар ҳафтаи гузашта дар Тошканд ва вилояти ҳамноми он беш аз 200 нафар ба гумони иртибот бо созмони террористии «ДИ» боздошт шудаанд. Дар аввали моҳи ноябр низомиёни ин минтақа ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд.