Ссылки доступа

Сарнишини дувуми ҳавопаймои Су-24 наҷот ёфтааст


Сарнишини дувуми ҳавопаймои бомбаафкани русии Су-24-ро низомиёни Сурия наҷот додаанд. Дар ин бора дар мусоҳибаи радиои фаронсавии Europe 1 сафири Русия дар Фаронса Александр Орлов хабар додааст.

Пештар шабакаи телевизионии Al Mayadeen (“Ал-Майдон”)-и Лубнон аз наҷот ёфтани сарнишини рус хабар дода буд.

Ба иттилои шабака, ҷустуҷӯи сарнишин 6 соат идома кардааст. Баъд аз пайдо шудан, низомиёни Сурия ӯро давоми ду соат аз ҳудуди таҳти назорати мухолифони режими предизент Башор Асад берун бурдаанд. Сарнишини рус ба пойгоҳии ҳарбии Русия дар Латақиё фиристода шудааст.

Ҳоло вай дар ҷои амн қарор дорад. Рӯзи сешанбе вазорати дифои Русия марги яке аз сарнишинони ҳавопаймои Су-24-ро тасдиқ карда буд. Ба иттилои ин ниҳод, сарнишини кушташуда аз замин ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳангоми корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷои суқути Су-24 як чархболи русии Ми-8 мушакборон ва сарбози пиёданизоми рус кушта шудааст.

Ҳавопаймои русии Су-24 рӯзи 24 ноябр дар сарҳади Туркияву Сурия бо зарбаи мушаки ҷангии ҳавопаймои F-16-и Туркия сарнагун гашт.

XS
SM
MD
LG