Ссылки доступа

Ба Думаи давлатии Русия тарҳе зидди Туркия пешниҳод шуд


Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонуне ворид шуд, ки барои радди куштори дастҷамъонаи арманиҳо аз сӯйи Туркияи усмонӣ ҷазо пешбинӣ мекунад.

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе раҳбари ҷиноҳи "Русияи боадолат" Сергей Миронов хабар дод.

Ба иттилои РИА Новости, муаллифони ин тарҳ мехоҳанд ба Қонуни ҷиноӣ чанд моддаи нав дохил кунанд. Аз ҷумла барои радди "наслкушӣ"-и арманиҳо то 500 ҳазор рублӣ ҷарима ва то 5 соли ҳабс дар назар гирифта шавад.

Туркия қатли арманиҳоро, ки соли 1915 сурат гирифта буд, наслкушӣ намедонад. Анқара бар ин аст, ки дар он рӯйдодҳо ҳамагӣ наздик ба 500 ҳазор арманӣ, на 1,5 миллион нафар кушта шудаанд. Аммо ҳодисаҳои аввали асри гузаштаро қариб 30 кишвар, аз ҷумла Русия, наслкушӣ мешуморанд.

Тарҳи нав як рӯз баъд аз сарнагунии ҳавопаймоии Су-24-и Русия аз сӯйи ҳавопаймои ҷангии Туркия бар фарози марзи Сурия пешниҳод шуд. Раиси ҷумҳури Русия Путин ин ҳодисаро "зарба аз пушт" унвон кард.

XS
SM
MD
LG