Ссылки доступа

Раҳмон: Тоҷикистон зарбаҳои тағйири иқлимро чашидааст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон,дар 30 соли ахир беш аз 1000-тоаш нобуд шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе дар Порис гуфт, офатҳои табиии марбут ба об танҳо тобистони соли ҷорӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди Тоҷикистон садҳо миллион доллар зиён ва қурбониҳои зиёди ҷонӣ ба бор овардаанд.

Вай зикр кард, ки «гармшавии ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо ба вуқуи ҳолатҳои изтирории табиӣ ва вайрон шудани низоми обёрӣ сабаб шуданд». Ба гуфтаи Раҳмон, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар 30 соли ахир беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтааст.

Раҳбари Тоҷикистон изҳор дошт, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиии марбут ба об мусоидат мекунанд. Тоҷикистон солҳои ахир барои азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун талошҳое анҷом медиҳад. Аммо бо ихтилофоти Ӯзбекистони ҳамсоя дучор мешавад. Тошканд иддао дорад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ ҳаҷми маҷрои обро барои кишварҳои поёноб коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG