Таронаи "Ба пеш, танҳо ба пеш ватани азиз -- Туркманистон" барои ҳамзамон аз тарафи 4166 нафар суруда шуданаш аз тарафи масъулони Китоби рекордҳоои Гиннес рӯзи 25 ноябр ба ин маҷмуаи падидаҳои рекордӣ шомил гашт.
Худи раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ ҳамроҳ бо ҳамсароён ин таронаро хонд. Раҳбари Туркманистон ба фаъолияти адабӣ, ҳунарӣ ва варзишӣ рағбат дошта, дар ҳамаи сабқатҳо дар Туркманистон ҳатман ҷойи аввалро мегирад.