Ссылки доступа

Дар Қирғизистон дидбонии мазҳабиро тақвият медиҳанд


Дар Қирғизистон тасмим гирифта шудааст бозрасии рушди вазъи динӣ ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ тақвият дода шавад.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҷараёни дидор бо мудири комиссияи корҳои динӣ Орозбек Молдалиев дастур дод, ки барои пешгирӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳо ва барои гирифтани тасмимҳои саривақтӣ бозрасии вазъи динӣ тақвият дода шавад, хабар додааст маркази матбуотии президенти Қирғизистон.

Ба Отамбоев аз раванди иҷрои барномаи давлатии сиёсати динӣ ва ҳамчунин ташкили маркази исломшиносӣ иттилоъ дода шуд. Ин марказ дар назди комиссияи корҳои динии кишвар таъсис ёфта, ҳадафаш ташаккул ва густариши низоми миллии пажӯҳиш, бозрасӣ ва таҳқиқи вазъи дин дар Қирғизистон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG