Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маъракаи ҷаҳонии «Соати рамз» оғоз шуд


Дар мактабҳои Қирғизистон аз 7 то 13 декабр «Соати рамз» - иқдоми ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Ҳафтаи ҷаҳонии омӯзиши информатика баргузор мешавад, хабар доданд дар маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми ин кишвар.

Ҳар як ширкаткунандаи ин иқдом имкон хоҳад дошт, ки дар арсаи барномасозии компютерӣ таҷрибаҳое пайдо карда, дар саноати компютерсозӣ қадамҳои нахустин гузорад. Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагони мактабҳо ба яке аз бахшҳои ояндадори соҳибкории феълӣ мебошад.

Дар чаҳорчӯби ин иқдом миллионҳо хонандаи мактаб дар тамоми ҷаҳон як соатро барои омӯзиши барномасозӣ сарф мекунанд. Коршиносони таҷрибадори улуми компютерӣ, барномасозон ва намодсозон ба хонандагони мактабҳо ҷаҳони фанновариҳои иттилоотиро боз мекунанд.

XS
SM
MD
LG